Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Қаймоқ ҳам қиммат шуд

13 август 2012, 10:26

Тайи як соли охир нархи як литр қаймоқ (сметана) дар бозорҳои кишвар ҳудуди 20 дар сад қиммат шудаст.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як литр қаймоқ дар бозрҳои пойтахт 20 сомонию 25 дирамро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта арзиши як литр қаймоқ 17 сомониву 8 дирамро ташкил медод.
Манбаъ таъкид кард, ки қаймоқи аз ҳама арзон дар бозорҳои «Саховат»-у «Деҳқон» (19 сомонӣ) фурӯхта мешавад. Дар бозори  «Шоҳмансур» бошад, барои як литри он 21 сомонӣ мегиранд. «Нархи аз ҳама гарони қаймоқ дар бозори «Варзоб» мушоҳида шуд. Он ҷо як литри қаймоқ 22 сомонӣ арзиш дорад»,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!