Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:58

Даъвати Маҳмадсаид Убайдуллоев аз аъзоёни палатаи болоии парлумон

9 июн 2011, 12:13

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба маводи ниёзи аввалия аз масъулият кор бигиранд.

Дар ин бора ёвари райиси палатаи болоии парлумони мамлакат Шафкат Саидов ба «Озодагон» иттилоъ дод.Зимнан, таҳти раёсати Убайдуллоев имрӯз дар Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.Нишасти мазкур бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 37 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурўъ гардид.

Шафкат Саидов афзуд, аъзоёни палатаи болоии парлумон гузоришҳои аз тарафи раисони Кумитаҳои марбута Мамадшо Илолов, Матлубхон Давлатов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва Муним Холиқовро шунида,ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳодёфтаро мавриди муҳокима қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ 7 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили «Дар бораи амният», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи барҳам­ди­ҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи Бонки Миллии Тоҷикистон», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни муҳокимарониҳои амиқ ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия  Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номҳои деҳоти «Янгиобод», деҳоти «Роҳи Ленин» ва деҳоти «Оқгаза»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон», «Оид ба Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ қабул карда шуданд.

Мувофиқ ба Қарори зикргардидаи Маҷлиси миллӣ номҳои деҳоти «Янгиобод», деҳоти «Роҳи Ленин» ва деҳоти «Оқгаза»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мутаносибан ба деҳоти «Ваҳдат», Рӯдакӣ  ва «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» тағйир дода шуданд.

Дар иҷлосия инчунин муроҷиати унвонии котибот аз ҷониби  Ассосиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ворид гардидаро баррасӣ намуда, аъзои Маҷлиси миллӣ онро тибқи тобеият ва салоҳият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омўзиш ва посухи расмӣ додан  ба муроҷиаткунандагон  ва Маҷлиси миллӣ  ирсол намуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!