Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:58

Тармиму бозсозӣ ва амалиёти консерватсия дар НОБ-и Роғун идома дорад

14 август 2012, 04:37

Дар ин бора Хайрулло Сафаров, директори ширкати саҳомии Роғун ба хабаргузориҳо иброз доштааст.

Бино ба қавли ӯ, ин корҳо бар асоси нақшае, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқа шудааст, анҷом мешаванд.Сафаров дар бораи мутаваққиф шудани корҳо дар нерӯгоҳ ва бекор мондани теъдоди зиёди коргарон иброз доштааст, ки , ки воқеан дар баъзе бахшҳо корҳои бозсозӣ поён ёфта ва коргарон барои иҷрои умури дигар дар ин нерӯгоҳ мунтақил шудаанд: «То ҳол ҳеч коргаре аз нерӯгоҳи Роғун ихтисор нашудааст ва ҳамаи онҳо бо кор таъмин шудаанд».
Бояд гуфт, чанде қабл Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо, пас аз дидор аз нерӯгоҳи "Роғун" дар моҳи гузашта ба хабарнигорон гуфта буд, ки бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ умури сохтмонӣ дар "Роғун" маҳдуд шуда ва беш аз 5 ҳазор нафар коргари ин сохтмон бекор мондаанд.То ҳол мақомоти давлати Тоҷикистон дар бораи вазъи воқеъии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи  Роғун  ибрози назаре накардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!