Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:34

Ислоҳоти замин дар Кӯлоб ба дарозо мекашад

14 август 2012, 05:00

Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб ба ин назар аст, ки то охири ҳамин сол масъалаи ислоҳоти замин ва ба саҳмдорон тақсим намудани он ҳалли худро меёбад.

Ба иттилои манбаъ, то имсол ислоҳоти замин дар ду хоҷагии тухмипарварии ноҳия, хоҷагии ба номи Ҳамадонӣ ва Хатлон ба роҳ монда нашуда буд. Раҳмонов гуфт, имсол бо ташаббуси ҳукумати шаҳр қисмати зиёди заминҳои хоҷагии ба номи Хатлон ба саҳмдорон тақсим карда шуд:«Барои хоҷагиҳои деҳқонии нав сертификати замин ройгон тақсим гардид. Масъалаи муҳим, ин ислоҳоти замин ва ба саҳмдорон ҷудо карда додани заминҳои хоҷагии бузурги ноҳия хоҷагии Ҳамадонӣ мебошад. Бо фармони муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонов, ислоҳоти замин муваққатан манъ гашта буд».
Дар ҳамин ҳол, беш аз 1,5-ҳазор заминҳои хоҷагии Ҳамадонӣ ислоҳот наёфтаанд.Ҷаноби Раҳмонов ба бовар аст, ки то охири ҳамин сол хоҷагии мазкур ислоҳот ёфта, замин ба деҳқонон тақсим меёбад. «Дар ин маврид роҳбарияти хоҷагӣ ҳам манфиатдор аст. Зеро ба иқрори хоҷагидорон, кору фаъолият рӯз ба рӯз мушкилтар мешавад»,- афзуд Раҳмонов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!