Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

«Нуриддин-писари Эрон» 20 маротиба ба нашр расид. Дар чор моҳ

14 август 2012, 05:12

Гуфта мешавад, ин китоб ҳоло дар садри асарҳои пуртиражи чор моҳи ибтидои имсоли Эрон қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», иттилооти Муассисаи Хонаи китоб нишон медиҳад, ки дар 4 моҳи нахусти соли ҷории ҳиҷрӣ 18 ҳазору 796 унвон китоб мунташир шуда ва китоби “Нуриддин - писари Эрон” бо 20 бор таҷдиди чоп дар садри китобҳои пуртираж қарор дорад. Ин омор дар ҳоле мунташир мешавад, ки ба нисбати омори мушобеҳ дар соли гузашта 4 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар чаҳор моҳи нахусти соли 1391 бештарин теъдоди китобҳо ба тартиб дар мавзўи улуми илмӣ (3 ҳазору 130 унвон), кўдаку навҷавон ( 3 ҳазору 45 унвон), дин ( 3 ҳазору 31 унвон) , адабиёт (2 ҳазору 449 унвон), улуми иҷтимоӣ ( як ҳазору 951 унвон), таърих ва ҷуғрофия ( ҳазору 309 унвон) будааст.
Ҳамчунин, бештарин афзоиш нисбат ба соли гузашта  дар радаҳои дарсӣ 28%, улуми табиӣ ва риёзиёт 18% ва улуми иҷтимоӣ 14% будааст.Бар асоси ин гузориш, теъдоди шуморагони кулл дар 4 моҳи нахусти соли ҷорӣ, 49 миллиону 210 ҳазору 384 ва теъдоди шуморагони мутавассит низ баробар бо 2,638 будааст.
Дар соли 1391 бештарин шуморагон бо 11 миллиону 912 ҳазор ва 60 нусха ба мавзўи кўдаку навҷавон ва пас аз он китобҳои динӣ бо 10 миллиону 675 ҳазору 700 нусха ихтисос дорад ва мавзўи улуми илмӣ бо 5 миллиону 683 ҳазору 660 нусха ва мавзўи адабиёт бо 4 миллиону 105 ҳазору 620 нусха ва мавзўи улуми иҷтимоӣ бо 4 миллиону  76 ҳазору 370 нусха ва мавзўи кумакдарсӣ бо 3 миллиону 197 ҳазору 150 дар марҳалаҳои баъдӣ қарор доранд.        


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!