Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 09:21

Қироати Қуръони Карим дар 12 соат. Бе танаффус

14 август 2012, 06:03

Дар Ҳиндустон ноболиғи 12 сола дар қироати китоби муқаддаси тамоми мусулмонҳо рекорд гузошт.

Ҳофиз Муҳаммад Ҳабибуллоҳ, сокини шаҳри Аҳмаднагор, иёлати Махараштра бидуни танаффус аз соати 8:00-и субҳ то соати 20:00-и шом Қуръонро бидуни назора ба китоб қироат кард. Зимни қироати ӯ сарвари мактаб ва муаллимон ҳам иштирок кардаанд. Ҳофиз Муҳаммад Ҳабибуллоҳ гуфтааст, ӯ ояҳои китоби муқаддасро дар муддати 8 моҳ аз ёд кардааст. Роҳбарияти мактаб изҳор доштааст, ки Ҳофизро қадрдонӣ кардаанд. Ҳамчунин, барои расман ба қайд гирифтани рекорди гузоштаи ӯ унвонии Китоби рекордҳои Гиннес дархост фиристодаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!