Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

Ҷабрдидаҳо: Назди президент додхоҳӣ меравем

14 август 2012, 06:16

Шикояти касатсионӣ аз болои қазияи Ҷӯрабек Охунов, роҳбари собиқи ширкати «Мовароуннаҳр», ки мебоист имрӯз дар Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт, ба 4-уми сентябр ба таъхир гузошта шуд.

Ҷабрдидагон, ки беш аз 100 нафарро ташкил медоданд, феълан дар ҳавлии Суди олӣ ҷамъ омада ва аз тасмими таъхири баррасии шикояти касатсионӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо иддао доранд, ки худи ҳамин рӯз ба президенти кишвар шикоят мебаранд.
Як нафар аз ҷабрдидаҳо, ки ҳудуди 90 ҳазор долларро ба ширкати «Мовароуннаҳр» барои гирифтани хона пардохт кардааст, дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодагон гуфт: «Мақсад аз ин ҷо омадани мо ин аст, ки ин навбат қазияи мазкур тарзе ҳал шавад, ки ба нафъи мардум  бошад».
Ёдрас менамоем, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» моҳи октябри соли 2010 боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб азхуд кардани маблағҳои мизоҷон дастгир шуда буд. Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин мӯҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010 ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов 7 солу 8 моҳи дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!