Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:45

Сониҳа дар Маскав бойиси марги як ҳамватани мо гашт

14 август 2012, 10:19

Дар минтақаи маъмурии шарқии Маскав ду нафар ҳамшаҳриҳои мо гирифтори садамаи нақлиётӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин сониҳа яке аз онҳо фавтидааст.Бино ба маълумоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ин ду нафар  зодагони минтақаи Рашт будаанд.Садама дар минақаи Лефортово,кӯчаи «5-ум Кабелний» рух дода, Махмадкарим Давлатов ҳангоми интиқол ба бемористон мефавтад ва вазъи Хайрулло Аминовро табибон  мӯътадил арзёбӣ кардаанд.
Кумитаи тафтишоти ноҳияи Лефортово аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳад.
Дар ин бора хабарнигори масковии Озодагон иттилоъ дод  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!