Тайи як соли охир маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла шакар дар бозорҳои пойтахт арзон шуда, ҳоло як килои он дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна 5 сомонию 13 дирам фурӯхта мешавад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи августи соли гузашта як кило шакар 7 сомонию 03 дирамро ташкил медод. Ба иттилои манбаъ, аз ҳама нархи гарони шакар дар бозори " Варзоб» " мушоҳида шуд, ки бо нархи 5 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Ин нишондод дар дӯконҳои шакарфурӯшии бозорҳои «Саховат»- у «Деҳқон» ва «Шохмансур» ба 5 сомонӣ баробар мебошад.
Манбаъ инчунин афзуд, дар баробари ин ҳоло дар бозорҳои кишвар мушоҳида мешавад, ки нархи орд 30%, қаймоқ 20%, шир 30%, гӯшти гову гӯсфанд 20% боло рафтааст.
Мӯҳр