Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:13

Савдогарони қимматфурӯш муҷозот мешаванд. Дар пойтахт

16 август 2012, 06:35

Дар моҳи Шарифи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе нисбати 241 тоҷир барои беасос баланд бардоштани нарх ва бе ҳуҷҷатҳои лозима фаъолият намудан парванда боз кардаанд.

Юсуф Нуралиев, муовини сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон гуфт, тоҷироне, ки арзиши маҳсулотро беасос баланд бардоштаанд, асосан савдогарони бозорҳои  «Шоҳмансур», «Саховат», «Деқонбозор», бозори «Маршал», «Фаровон» бозори «Роҳи оҳан», «Варзоб», бозори «Дӯстӣ» будаанд. Нисбати аксарияти онҳо тибқи моддаҳои 555 (беасос баланд бардоштани нарх) ва 617 (амалҳои миёнарвӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шудааст: «Нафароне ҳастанд, ки миёнаравӣ карда, молро аз ҳар ҷо меоранд ё аз деҳқон нархи бозор катӣ мехарад, вале на патент доранду на иҷозатнома, боз арзиши маҳсулотро баланд карда мефурӯшанд».
Номбурда афзуд, як қисми парвандаҳоро нисбат ба ин қабил тоҷирон  ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба додгоҳ фиристодаанд, ки дар ҳоли баррасӣ мебошанд. Бояд гуфт, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе дар моҳи Шарифи Рамазон номгӯи 12 намуд маҳсулоти ниёзи аввалаи мардум бояд дар бозорҳои пойтахт нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шавад. Вале масъулини РВКД-и шаҳри Душанбе мегӯянд, иддае аз тоҷирони бозорҳои пойтахт бархе аз ин маҳсулотро бо арзиши баланд ба савдо мегузоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!