Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:27

Кӯлоб дар моҳи Рамазон нафақаи бознишастагонро пурра пардохт кард

16 август 2012, 08:44

Бино ба иттилои Ҷӯрабек Қурбонов, сардори Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб, нафақаи бознишастагон дар 7 моҳи имсол ба пуррагӣ пардохт гардида, дар ин ҳолат қарздорӣ мавҷуд нест.

Тибқи омори расмӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб 74761 нафақагир ба сар мебарад, ки  маблағи умумии ҳаққи бознишастагии онҳо 11 миллиону 616 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 266 нафар нафақагири хизмати махсусдошта дар назди ҳукумати Тоҷикистон будаанд, ки дар маҷмӯъ 99441 сомони нафақа мегиранд.
Ба гуфтаи Ҷӯрабек Қурбонов, сардори Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб, талаботи маблағи нафақапулии бознишастагон тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба пуррагӣ пардохт гардида, қарздорӣ аз нафақапулӣ нест. «Кормандони раёсат кушиш ба харҷ доданд, то Иди бузурги Фитр нафақапулиро ба пуррагӣ таъмин намоянд. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳамаи навоҳии минтақа маблағгузорӣ ба анҷом расида, нафақагирон озод ҳаққи нафақаашонро мегиранд»,- афзуд Қурбонов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!