Тайи як соли охир маҳсулоти сабзавотӣ, аз ҷумла сабзӣ дар бозорҳои пойтахт 42 дар сад қиммат шудаст. Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як кило сабзӣ дар пойтахт 2 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад. Моҳи августи соли сипаришуда ин нишондод баробари 1 сомонию 44 дирам буд.
Манбаъ таъкид кард, ки сабзии аз ҳама арзонро дар бозорҳои «Варзоб»-у «Саховат» харидан мумкин аст, ки 2 сомонӣ нарх дорад. Аз ҳама гарон бошад, дар бозори «Деҳқон» мушоҳида шудааст. Ин ҷо як кило сабзиро 3 сомонӣ мефурухтаанд. Дар бозори «Шоҳмансур» нархи як кило сабзӣ 2 сомонию 20 дирам мебошад.
Манбаъ инчунин афзуд, дар бозорҳои кишвар болоравии нархҳои дигар маҳсулоти мавриди ниёз, аз қабили орд (30%), қаймоқ (20%), шир (30%), гӯшти гову гӯсфанд (20%) ба назар мерасад.
Мӯҳр