Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

17 август 2012, 04:29

Шоми дирӯз тавассути телевизионҳои давлатӣ навори табрикотии президент пахш гардид.

Зимни ироаи он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт: «Субҳи рӯзи нуздаҳуми август моҳи шарифи Рамазон хатм мешавад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.Мардуми кишвари мо ин суннати мӯътабари исломиро ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои неки дини мубини ислом истиқбол мегиранд».
Дар идомаи он райисҷумҳур мардуми саросари кишварро ба фарорасии ин рӯзи муборак, яъне иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, илова кард: «Мо идҳои Рамазону Қурбонро ба феҳристи идҳои миллӣ ворид кардаем ва имрӯз тамоми мардуми мусулмони кишварамон ин маросиму суннатҳои миллиро дар иҳотаи аҳли хонавода, хешу ақрабо ва дӯстону ҳамсоягон таҷлил менамоянд.Иди Фитр яке аз маросимҳои пурфайзи маънавие мебошад, ки дар айёми он ба дилҳои мардум нури маърифату муҳаббати илоҳӣ ворид гардида, торикӣ ва кинаву кудурат аз онҳо берун меояд.
Зеро дар моҳи пур аз каромату раҳмати рамазон ва шаби қадр мусулмонон бо доштани рӯза, дуои нек, зикру тиловати оятҳои раббонӣ дилу рӯҳи худро нуронӣ ва ба Худои таоло наздиктар карданд».
Эмомалӣ Раҳмон аз ашхоси сарватманду доро даъват кард, ки дар ин рӯзҳо дари хайру саховатро ба рӯи ниёзмандону бечорагон боз гунанд, зеро: «Яке аз фазилатҳои дигари иди саиди Фитр додани фитри рӯза аст. Ба ин маънӣ, Худованди таоло дар Қуръони шариф мефармояд: «Садақот барои фақирон асту мискинон… Ва низ барои ба даст овардани дили рақибон ва озод кардани бандагону қарздорон ва инфоқ дар роҳи Худо ва мусофирони ниёзманд ва он фаризаест аз ҷониби Худо».Тибқи фарзиёти исломӣ пардохти фитри рӯза дар моҳи мубораки Рамазон воҷиб шумурда шуда, бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.Олимони фиқҳи исломӣ додани фитри рӯзаро пеш аз адои намози ид кори савоб донистаанд».
Дар поёни табрикоташ сарвари давлат ба ҳар хонадони тоҷик оромиву осоиш, файзу баракат, иқболу хушбахтӣ ва кушоиши кор орзу намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!