Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:11

Садама: Дар Ғончӣ ва Душанбе ҷони одамонро рабуд

17 август 2012, 04:37

Дар ду сониҳаи нақлиётӣ, ки рӯзи гузашта рух доданд, ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, тахминан соати 14:30 –и 16-уми август ронандаи  «Хундай Старекс» Мирзохолиқ Комилов, аснои ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Ғончии вилояти Суғд идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ноболиғ Акмал Собирови 2- соларо пахш мекунад. Дар натиҷа, ҷабрдидаи ноболиғ аз ҷароҳати вазнини гирифтааш дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ба ҳамин монанд, соати 21:15 сарнишини  «Опел Астра» Равшанҷон Искандарови 39-сола, аснои ҳаракат дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пиёдагарди шахсияташ номаълум, милаташ тоҷик, тахминан 45-50 соларо пахш мекунад, ки ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!