Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба Мавзуна Чориева хонаи се ҳуҷрагӣ тақдим кард

17 август 2012, 04:44

Ба ифтихори истиқбол аз варзишгарони кишвар – иштирокчиёни бозиҳои олимпии Лондон-2012 шоми гузаштаи 16-уми август дар «Боғи пойтахт» ҳамойиши бошукӯҳ доир гардид

Тавре Шафқат Саидов, сухангӯи мири Душанбе  ба Озодагон иттилоъ дод, дар расми баргузории он раиси шахри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзида, бо ифтихормандӣ аз сабқатҳои нишондодаи ҳамаи варзишгарон дар намудҳои варзиши олимпӣ, ки тавонистанд дар маҷмӯъ Тоҷикистони соҳибистиқлолро миёни 204 кишварҳо муаррифӣ намоянд, ба ҳар кадоми онҳо ва мураббиёнашон сидқан аз номи роҳбарияти шаҳри Душанбе изҳори сипос кард.
Мири пойтахт афзуд, ки дар давоми 21 соли истиқлолият бори нахуст Тоҷикистонро 16 нафар варзишгарони номдор дар Олимпиада муаррифӣ намуданд ва ҷои ифтихор аст, ки аз ин теъдод 10 нафарашон варзишгарони шаҳри Душанбе мебошанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев қаҳрамониҳои барандаи нишони биринҷӣ, дастпарвари мактаби махсуси кӯдакону наврасону захираҳои олимпии №9-и шаҳри Душанбе оид ба бокс Мавзуна Чориеваро махсус таъкид намуда, бо қаноатмандӣ афзуд, ки чунин дастовардро ҳанӯз 36 сол муқаддам, дар Бозиҳои XXI-и Олимпиадаи Монреал - 1976 (Канада) бонуи ибратомӯзи тоҷик Зебуниссо Рустамова бароямон  армуғон оварда буд, ки инак Мавзуна Чориева онро дар асри XXI  такрор кард.
Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки шаҳрдорӣ барои қадргардонии Мавзуна Чориева як хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази шаҳр, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҷудо кардааст, ки  барои интихоби ӯ дар ин мавзеъ чор вариант пешниҳод шудааст, ки бо интихоби Мавзуна Чориева барояш тақдим карда мешавад. Ҳамзамон барои эъҷоди достони қаҳрамониҳои Гурдофариди сонии тоҷик – Мавзуна Чориева миёни аҳли қалам озмуни кушодро барои дарёфти мукофоти шаҳрдорӣ эълон намуд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!