Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:36

Баррасии лоиҳаи Кодекси андоз. Дар Шӯрои МН

17 август 2012, 06:18

Имрӯз 17-уми август дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, ин санад мавриди муҳокимаи аъзоён қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар дар Шӯро зикр шуд, ки Кодекси мазкур муносибатҳоро оид ба муқаррар намудан,  тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз танзим менамояд.Таъкид гардид, ки муносибатҳо вобаста ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда бо Кодекси мазкур ва қонунгузории гумрукӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Ҳамзамон, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва масъала Дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!