Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Кӯлоб: Раҳмонов ба Мавзуна Чориева хонаи панҷ ҳуҷрадор тӯҳфа мекунад

17 август 2012, 06:40

Шаҳри Кӯлоб, ки зодгоҳи барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпии Лондон 2012 Мавзуна Чориева мебошад, аз соати ғалабаи Мавзуна дар Лондон барои истиқболи ӯ омодагӣ мегирифт.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, сухангӯи мири Кӯлоб зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, барои ин сенарияи вижаи истиқболи қаҳрамондухтар таҳия гашта, мутобиқи он роҳбарияти шаҳр дар якҷоягӣ бо кулли ҷамоатчигии шаҳр Мавзунаро дар даромадгоҳи шаҳр бо гулу гулдаста ва дафу най истиқбол мегиранд ва корвон тавассути кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба маҳалли зисти Мавзуна- кӯчаи Якуми Майи шаҳр раҳсипор мешавад.
Ҳамчунин, ба шарафи пирӯзии Мавзуна дар назди муҷтамаи меъмории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб як барнома бузурги ҳунарӣ бо ширкати сарояндаҳои маъруф- Сурайё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳрнигори Рустам баргузор хоҳад шуд.
Бино ба гуфти манбаъ, дар ин рӯз ба Мавзуна  аз тарафи ҳукумати шаҳри Кӯлоб калиди хонаи панҷ ҳуҷрадор супорида мешавад. Бояд гуфт ибтикори мақомоти маҳаллӣ дар қадршиносии Мавзуна Чориева охири кор нест. Чанде аз соҳибкорони кӯлобӣ низ аз омодагии худ дар эхдои тӯҳфаҳои хотиравӣ ба Мавзуна хабар доданд.   



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!