Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:35

Дар Пятигорски Русия Марказии фарҳангии тоҷикон таъсис меёбад

21 август 2012, 04:52

Сафар Сафаров, муовини аввали райиси ҲХДТ аснои боздид аз шаҳри Пятигорски Русия бо тоҷикони муқими ин минтақа ва аъзои диаспораи ҳамватанон мулоқот кард.

Муҳаммади Эгамзод, сарвари медиа-холдинги «Tajinfo» зимни ташреҳи ин хабар гуфт, директори Хонаи фарҳанги миллатҳои шаҳри Пятигорск Эмма Дзитиева, ки дар он ҷо мулоқоти мазкур сурат гирифт, аз меҳмони олиқадр пазироӣ намуда, дар мавриди ҳаёту фаъолияти миллатҳои мухталифи минтақа, ки тоҷикон низ дар он ҳузури чашмгир доранд, ҳикоят намуд. С.Сафаров  аснои суханрониаш дар ҳузури ҳамватанон гуфт: «Ҳар яки шумоён - ҳамватанони азиз, дар қаламрави кишвари бузурги Русия кору иқомат намуда, дар баробари муҳоҷири оддии меҳнатӣ будан, рисолати дигареро бар дӯш доред, ки дарки он хеле ва хеле муҳим аст: шумо ҳамчун оинаи қаднамо меҳану миллати худро дар ин сарзамин муаррифӣ мекунед. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолат бояд фарзанди сазовори Тоҷикистон бошед, обрӯю эътибори кишварамонро баланд бардоред. Коре кунед, ки шуморо ҳамчун тоҷик касе наҳ назанад, эҳтироми худро ҳамеша бо кирдору рафтори накӯ, меҳнати ҳалол ва муносибати хуб нигаҳ доред! Аз ҳама муҳим, қонуну тартиботи муайяннамудаи кишвари иқоматро риоя намоед».
Ҳамзамон, дар ин нишаст бо пешниҳоди фаъолони диаспора кумитаи тадорукоти таъсиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Пятигорск таъсис дода шуд. Интизор меравад, ки то поёни соли равон дар шаҳр чунин як ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон расман номнавис гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!