Аз назди бинои як сокини ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе сабукрави тамғаи «ВАЗ-21099»-ро ба яғмо бурданд.
Дар ин бора ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, Шамшодҷон Ҳотамови 20 сола, сокини кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ (донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон) дар ин бора бо ариза муроҷиат намудааст.
Ба гуфти ӯ, рӯзи 19-уми августи соли равон, яъне дар рӯзи Иди Фитр тахминан соати 07:00-и дақиқаи субҳ шахси номаълум аз назди бинои истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-21099» рақами давлатиаш 66-03 АР/01, ки бе назорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Аснои амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт Илҳом Ғаюбов бо ҷурми дуздӣ боздошт гардида, алъон дар қиболи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр