Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Ҳалокати Имомназар Имомназаров дар шаҳри Хоруғ

22 август 2012, 04:54

Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳанд.

Ҳарчанд ин хабарро мақомоти расмии Тоҷикистон тайид накардаанд, аммо ба қавли расонаҳои хориҷӣ ҳодисаи қатли собиқ фармондеҳи мухолифин соати 04-и субҳи имрӯз рух додааст. Имомназар Имомназаров дар манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи мавсум ба УПД-и шаҳри Хоруғ кушта шудаааст.
Бино ба навиштаи Бӣ-бӣ-сӣ, дар ин ҳодиса ҳамчунин Охирназар Имомназаров, бародари Имомназар Имомназаров низ ҷароҳат бардоштааст: «Қаблан дар ҷараёни амалиёти 24 июл дар шаҳри Хоруғ, Султоназар Имомназаров, яке дигар аз бародарони Имомназар кушта шуда буд».
Маврид ба ёдоварист, ин ҳодиса дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Имомназар Имомназаров қаблан ба хабаргузориҳо гуфта буд, бо миёнравии Бунёди Оғохон ва даъвати мақомоти қудратии кишвар бо ваъдаи афв кулли силоҳашро то тири охирин супурдааст. Ӯ бемории қанд дошта, рӯзҳои охирро дар бистар мегузаронд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!