Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт Дилафрӯз Умароваи 33 сола, роҳбари собиқи ҶДММ «Дунёи Дониш»-ро дастгир кардаанд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, Дилафрӯз Умарова бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва ришвахорӣ боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи марти соли 2011 ҳангоми дар вазифаи роҳбари ҶДММ «Дунёи Дониш» фаъолият кардан ба боварии шаҳрванд Парвиз Абдуллоеви 13 сола, сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе даромада бо ваъдаи ба давлати Канада равон кардан аз ӯ 2760 доллари амрикоӣ мегирад. Аммо ин маблағро ба манфиати худаш сарф намудааст.
«Мавсуф ҳамчунин моҳи феврали соли 2012 ба боварии шаҳрванд Наврӯз Абдуллоеви 24 сола, сокини ноҳияи Ҳисор даромада бо ваъдаи ба давлати Канада равон кардан аз ӯ 6000 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати худаш сарф намудааст. Ҳамон моҳ, вай аз Исмоил Алиеви 19 сола, сокини шаҳи Душанбе 3700 доллар ва моҳи март аз Дилшод Қодирови 20 сола, сокини шаҳри Душанбе 4000 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати худаш сарф кардааст»,-афзуд манбаъ.
Умуман, Дилафрӯз Умарова аз шаҳрвандони номбурда 16 460 доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ масраф кардааст.
Феълан, аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр