Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июл 2017, 17:41

Оббозӣ боиси марги як нафар гардид

22 август 2012, 06:39

Ин ҳодиса рӯзи гузашта дар шимоли кишвар рух додааст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, тақрибан соати 17:08-и дирӯз дар кӯли  назди боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, аснои оббозӣ  шаҳрвандон Мадина Ахмедҷоноваи 16-сола ва Авазҷон Ахмедҷонови 15-сола, истиқоматкунандагони ноҳияи Спитамен ғарқ мешаванд. Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани наҷотдиҳандагони ситоди вилояти Суғд  Мадина Ахмедҷонова наҷот ёфта,ҷасади Авазҷон Ахмедҷонов соати 17:35 дарёфт карда, ба сохторҳои марбута супорида шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!