Ахиран ду шаҳрвандони Тоҷикистон аз Абхазистон ба Ватан омаданд.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Абдуллоев Нурилло Ғайбуллоевич (зодаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд) ва Иброҳимов Суннатулло Маҳмадрауфович (сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон) аз Абхазистон тавассути қаламрави Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ду нафар қаблан аз ҳудуди Русия ба Абхазистон ворид шуда буданд ва мехостанд, ки боз ба Русия баргарданд. Аммо бо сабаби номаълум аз сӯйи мақомоти марзбонии Русия иҷозаи вуруд наёфта, маҷбур шуданд, ним соли ахир дар Абхазистон ба сар баранд.
Маврид ба ёдоварист, маҳз бо кӯшиши Сафорати ҶТ ва мақомоти дахлдори Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон- Н.Абдуллоев ва С.Иброҳимов барои бозгашт ба Тоҷикистон ба таври истисно иҷозаи убур (транзит) дастрас гардид.
Мӯҳр