Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

100 $ миллион даркор аст. Барои пардохти қарзи Тоҷикистон

22 август 2012, 07:23

Имсол барои пардохти қарзи берунаи ҷумҳурӣ ва фоизҳои он ҳудуди 100 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудаст, ки тайи шаш моҳи аввал аллакай наздики 35 миллион доллари он ҷудо гардидаст.

Тибқи иттилои Вазорати молия аз ҳама зиёд Тоҷикистон аз Чин қарздор аст. Манбаъ ҳаҷми қарздориро дар назди Чин 878 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кард.  Миёни созмонҳои молиявии байналмилалӣ аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ қарз додаст, ки зиёда аз 371 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар пайи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд қарор дорад, ки Тоҷикистон аз он 333 миллион доллари амрикоӣ қарздор аст. Барои пардохти қарзи Чин имсол аз буҷет 35 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад. Барои рӯйпӯш кардани қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 10 миллион доллари дигар пешбинӣ шудаст.
Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 миллиарду 138 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад, ки ба гуфтаи масъулини Вазорати молияи кишвар камтар аз 30 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил дода, ягон таҳдиде надоранд. Масъулини молияи Тоҷикистон мегӯянд сол ба сол аз буҷети давлат барои пардохти қарзи хориҷӣ маблағи бештарро ҷудо хоҳанд кард. Аз ҷумла соли гузашта аз буҷет барои пардохти фоиз ва қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамагӣ 62,5 миллион доллари амрикоӣ равона шуда буд.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!