Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

4 садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги 5 нафар гардид

22 август 2012, 10:33

Бар асари 4 сониҳаи нақлиётӣ дар ду шабонарӯз дар манотиқи кишвар 5 нафар ба ҳалокат расид.


Тавре Маҳмадшариф Шамсов, масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба Озодагон иттилоъ дод, дирӯз, 21-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Субҳон Пулодов ҳангоми ҳаракат аз тарафи Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар километри 143-ум бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-53212» бархӯрдааст, ки мусофири  «Опел-Зефира» Зарина Ҷалилова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат  мерасад. Худи ронанда Субҳон Пулодов ва мусофирони дигари автомашина ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, худи ҳамон рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2121», Савлат Тавакалов аснои ҳаракат дар километри 1-уми маҳаллаи Садват бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда ба қисмати канори рости роҳ баромада автомашинаро ба ба чуқурии 250 метр чаппа мекунад, ки  Савлат Тавакалов ва мусофири ӯ Сабзбухор Зулматова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд: «Мусофирони дигари автомашинаи мазкур  Айронбӣ Тавакаловаи ва Назираи Мақсад ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ бистарӣ шудаанд».
Ҳамчунин рӯзи 20-уми август соати 20:40 ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Амонулло Нарзуллоев аснои ҳаракат аз тарафи Душанбе ба самти ноҳияи Шаҳринав бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагард Абдураҳим Зокировро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар макони ҳодиса мефавтад. Бино ба маълумоти Маҳмадшариф Шамсов худи ҳамон шаб  соати 22:30 Шерқул Ҳусейнов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дар-Дар суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, ба дарёи «Зарафшон» чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат мерасад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!