Бахшҳо

Малакаи рӯзноманигорон дар таҳияи маводи касбӣ оид ба сил такмил меёбад

23-24-уми августи соли равон дар меҳмонхонаи «Меркурий» давраи омӯзишии амалӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси масоили пешгирию назорати бемории сил ва шаклҳои гуногуни он дар ВАО» баргузор мешавад.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» ҳамоҳангсоз оид ба сафарбаркунии иҷтимоии Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон Сурайё Одинаева иттилоъ дод, мақсади баргузории тренинг ба рӯзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии масоили шаклҳои мутобиқгаштаи сил дар ВАО мебошад. Зимнан такмили малакаи журналистон дар таҳияи маводи чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзӯъ ва баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқию ахлоқии бозтоби он дар ВАО, инчунин густариши ҳамкории рӯзноманигорон бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил ва созмонҳои байнулмилалие, ки дар ин бахш кор мекунанд, барномарезӣ шудааст: «Ҳамзамон иштирокдорон ва коршиносони давраи омӯзишӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои тиббии шаклҳои мутобиқгаштаи сил ва роҳҳои муолиҷаи он, пешгирии паҳншавии бемории сил дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва миёни муҳоҷирони меҳнатию кӯдакон, зарурати таъмини соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони силшинос ва дигар масоили мубрам табодули назар мекунанд. Ба ҷуз ин, рӯзноманигорон бо табобатгирандагон ва шифоёфтагони шакли мутобиқгаштаи сил мусоҳиба меороянд», - иброз дошт Одинаева.
Тренерони ин чорабинии омӯзишию амалӣ сарвари Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» Сафо Сафаров ва сардори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ Фотима Ғоибова мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, дар рӯзи дуввуми тренинг баргузории нишасти хабарӣ бо иштироки Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ, Тимур Аптекар, менеҷери Барномаи зиддисилии Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон, Октам Бобохоҷаев,сарвари Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил, Саидаҳтам Рустамов, сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сили «Шифо» ва дигар масъулини мақомоти давлатию созмонҳои байнулмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷамъбаст иштирокдорони давраи омӯзишии амалӣ дар заминаи иттилооти аснои тренинг ва нишасти хабарӣ гирдовардаашон матолиби чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ таҳия карда, мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҷиҳати омодасозии маводи ҳирфаӣ онҳо бо дастгоҳҳои навор-, садо- ва аксбардорӣ, компютеру ноутбук, барномаҳои касбии танзим ва Интернети бесим таъмин мегарданд.
Тренинги мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» бо дастгирии Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва табларза созмон дода мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)