Дар натиҷаи ҷамъбасти ҳафтмоҳа масъулини Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ҳаҷми кӯмаки башардӯстонаро, ки таи ин муддат аз Иёлоти муттаҳидаи Амрико ворид шудаст, нисбати кӯмакҳои расондаи Русия наздики 4 маротиба бештар арзёбӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Агентӣ давоми моҳҳои январ – июли соли ҷорӣ ба кишвар дар ҳаҷми 43 миллиону 300 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона ворид шудааст.
Аз ҷумла ба маблағи 3,9 миллион доллар орд, 800 ҳазор доллар равғани растанӣ ва аз ҳама зиёд доруворӣ ба маблағи 19 миллион доллар ба сифати кӯмаки башардӯстона дохили кишвар гардидаст.
Ба иттилои оморӣ таи ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 31 кишвари хориҷи дуру наздик кӯмаки башардӯстона кардаанд. Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳамоно калонтарин кӯмакрасони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, зиёда аз 43, 3 фоизи кӯмаки воридшуда ба Тоҷикистон аз ИМА омадаст.
Дар паи ИМА Русия қарор дорад, ки саҳмаш дар ҳаҷми умумии ёрии гирифтаи Тоҷикистон, 12 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми кӯмакҳои воридшуда ба Тоҷикистон ба Миср 4,9 фоиз, Нидерландия 6,3 фоиз ва ба Қазоқистон 3,2 фоиз рост меояд.
Мӯҳр