Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:16

«Рӯзи Русия» ва 120 чорабинии бахшида ба ин ҷашн

10 июн 2011, 08:19

Дар таҷлили ҷашни «Рӯзи Русия», 12 июн беш аз 120 чорабинии фарҳангӣ дар шаҳри Маскав доир мегардад. Дар ин бора муовини мири шаҳр Людмила Шветсова дар  ҷамъи хабарнигорон изҳор кард.

Ӯ гуфт, чорабиниҳои идона дар Майдони Сурх, чорабинии «Дӯстии халқҳо» дар  Маркази байналхалқиии намоийш (ВДНХ) ва анҷумани матбуот дар  «Поклонная гора» ҷашн гирифта мешаванд.

Ҷашнвораи давлатии «Рӯзи Русия» шурӯъ аз 12 июни соли 1994 аз рӯзи қабули Эъломияи истиқлолияти РСФСР, ки 4 сол қабл, дар рӯзи 12 июни соли 1990 қабул гардида буд, ҳамсола таҷлил карда мешавад.

Бино ба маълумоти шаҳрдорӣ дар ин рӯз беш аз 20 ҳазор меҳмон аз шаҳрҳои назди Маскав омада, ҳамчунин ширкати беш аз 10 ҳазор ҷавонони Маскав низ дар назар аст. Ҳамчунин, дар ин рӯз як қатор озмунҳои бахшида ба ин рӯз эълоншуда ҳам  ҷамъбаст хоханд гашт. Бино ба гуфтаи Людмила Шветсова муовини мири Маскав, шаҳрдорӣ ба масоили мустаҳкамии оила дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва аз ҳама чорабинии муҳим, ин ҷамъбасти озмуни «Оилаи москвагӣ» («Московсая семя») мебошад. Дар ин рӯз ғолибони ин озмунро роҳхати истироҳати оилавӣ ба кишварои хориҷ интизор аст, -хулоса кард Людмила Шветсова.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!