Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:06

Толибон аз «Пули Чархӣ» фирор накардаанд

23 август 2012, 06:29

Маҳбусони мансуб ба ҳаракати «Толибон» аз зиндони «Пули Чархӣ» фирор накардаанд.  Ин нуктаро Амир Муҳаммад Ҷамшедӣ, сарвари кулли маҳбасхонаҳои Афғонистон изҳор доштааст.

Гуфтанист, қаблан намояндаҳои «Толибон» эълон карданд, ки  15 зиндоние, ки ба ҳукми қатл ё ҳабси абад маҳкум шуда буданд, аз маҳбаси шаҳри Кобул фирор кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки ин гурезаҳо аллакай бо аҳли хонаводаҳои худ дидор дидаанд.
Амир Муҳаммад Ҷамшедӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки ба ифтихори Иди Саиди Фитр дарҳои утоқҳои нигоҳдорӣ боз карда шуд, то маҳбусон имкони табрики ҳамдигарро дошта бошанд. «Бархе аз зиндониён аз ҷумла аъзои «Толибон» ва «Ал Қоида» талош карданд, ки аз ин имкон истифода карда, фирор намоянд, аммо аз сӯи кормандони зиндон боздошт ва ба утоқҳо баргардонида шуданд»,-гуфтааст, Ҷамшедӣ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!