Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

Сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тошканд ба шимоли Тоҷикистон ташриф меоранд

23 август 2012, 09:41

25 ва 26-уми август сафирон кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Тошканди Ӯзбакистон дар ҳайати 41 нафар ба вилояти Суғд ташриф меоранд.

Ба ҳайати меҳмонон сафирони  фавқулодда ва мухтори давлатҳои ИМА, Қазоқистон, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Покистон, Бангладеш, Булғористон дар Ӯзбекистон, сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои Гурҷистон, Лаҳистон, Чехия, Куриё, Малайзия дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кордорони сафорати Мамлакати Ҳошимии Ӯрдун, кордори сафорати Уммон дар Ӯзбакистон шомиланд.
Тибқи барномаи сафар боздиди меҳмонон аз корхонаи ресандагии «Олим-Текстайлз», корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «САТН», ҷамъияти саҳҳомии «Қолинҳои Қайроққум», шиносоӣ бо «Боғи миллии Ваҳдат», майдони Исмоили Сомонӣ, муассисаи давлатии «Ҳавзи шиноварӣ», варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» ва КВДК «Кохи матбуот», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», осорхонаи вилоятии таърихӣ - кишваршиносӣ, инчунин бозори Панҷшанбеи Хуҷанд дар назар аст. Ҳайати меҳмонон дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум истироҳат хоҳанд кард.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз  Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!