Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:32

Равобити Эрону Миср ба нафъи ҷаҳони ислом аст

23 август 2012, 10:39

Пажӯҳишгари андешакадаи Ал-аҳром равобити Эрону Мисрро ба нафъ ҷаҳони ислом ва минтақа донисту гуфт, ки сафари Мурсӣ ба Теҳрон заминаро барои кушодани сафоратхонаҳои ду кишвар фароҳам мекунад.

Масъуд Иброҳим Ҳасан устодёри забони форсии Донишгоҳи "Кафар-уш-шайх" дар гуфтугӯ бо хабарнигори Форс дар Қоҳира таъкид кард, ки ҳузури Муҳаммад Мурсӣ, райисҷумҳури Миср ва мақомоти ин кишвар дар нишасти сарони Ғайримуттаҳидҳо дар Теҳрон, ки 29 ва 30 август баргузор мешавад, дар воқеъ озмуне барои раҳбарони кунунии Миср аст то ба ваъдаҳои интихоботии худ мабнӣ бар аз саргирии равобит бо Теҳрон амал кунанд, ин дар ҳоле аст, ки Мурсӣ борҳо нишон дода, ки моил ба барқарории ин равобит аст.  
Иброҳим Ҳасан афзуда, ки аз замони пирӯзии Муҳаммад Мурсӣ дар интихобот то кунун нишонаҳои бисёре, ки нишондиҳанда бар наздик шудани ду кишвар ба якдигар мушоҳида мешавад, аз ҷумла ин ки шахси Муҳаммад Мурсӣ низ ба шиддат аз тавсиа ва густариши ин равобит ҳимоят кардааст ва ин тавсиа ва равобит бетардид ба қазоёои ҷаҳони ислом ва минтақа хидмат хоҳад кард. Пажуҳишгари "Ал-аҳром" дар умури Эрон сафари Мурсӣ ба Эронро кушодани саҳфаи ҷадиде дар муносиботи ду кишвар донист ва таъкид кард, ки ин сафар заминаро барои боло бурдани сатҳи дипломатӣ ва ифтитоҳи сафоратхона дар ду кишвар фароҳам мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!