Бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Дирӯз, 23-юми август дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо тими «Зарафшон»-и Панҷакент дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вориди сабқат шуда бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Се бозии дигари ¼ ниҳоӣ рӯзи 22-юми август доир гардид. Тими «Хайр»-и Ваҳдат аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. «Регар-ТадАз»-и Турсунзода бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд.
Бозиҳои ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 26-уми август баргузор мегардад. Дастаҳои «Энергетик»-«Хайр» дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе қувва хоҳанд озмуд. «Истиқлол»-ССКА «Помир» дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт вориди сабқат мешаванд. «Регар-ТадАз -«Ҳосилот» дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода рақобат хоҳанд кард. Рӯзи 27-уми август бошад, дастаҳои «Зарафшон» - «Гвардия» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бозӣ мекунанд. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:30
Мӯҳр