Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Пешниҳоди СММ қобили қабул аст. Ба назари Девонаев

24 август 2012, 07:17

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷиистон пешниҳоди Созмони миллали муттаҳидро дар хусуси такмили қонунгузрӣ роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон қабул кард.

Созмони Миллали Муттаҳид аз номукаммал будани қонунҳои Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки  бояд ҳар чӣ зудтар дар ин бора пешнависи қонуне таҳия ва онро бо муқаррароти Конвенсияи байналмиллалӣ ва Қатъномаи 3449-и Маҷмаи Умумии СММ мутобиқ созад. Дар ин санадаи муҳими байналмиллалӣ истилоҳи «муҳоҷири ғайриқонунӣ» вуҷуд надорад ва худи ҳамин истилоҳ мантиқи қонунӣ надорад, вале ин истилоҳ дар қонуни Тоҷикистон оварда шудааст ва иҷрои қатъномаи СММ-ро маҳдуд мекунад.
Гуфта мешавад, дар сурати ҳамоҳанг сохтани қонуни Тоҷикистон бо асноди байналмиллалӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷири кории тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ осонтар хоҳад шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон гуфт, пешниҳоди СММ 100 фоиз қобили қабул буда, сари ин масъала кор хоҳанд кард. Вале  Саидғуфрони Абдулло, муовини Сафиалло Девонаев таъкид намуд, ки дар ҳоле, ки аз қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми «муҳоҷирати ғайриқонунӣ» бардошта шаваду дар қонунгузориҳои кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, аз ҷумла Русия чунин мафҳум боқӣ монад, ҳеҷ самарае нахоҳад дод.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!