Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Озмуни қориёни Қуръон дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон

24 август 2012, 08:59

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон миёни маҳбусон озмуни қориёни Қуръон баргузор шуд.

Сомонаи islamnews.tj  менависад, ки озмуни мазкур дар муассисаи ислоҳотии №3/1-и шаҳри Душанбе бо дастгириву сарпарастии Изатулло Шарифов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷкистон,  Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ сурат пазируфт.
Ба иттилои манбаъ, озмуни қориёни Қуръон таҳти шиори «Барои корҳои нек саъй намоед» баргузор шуда, барандагони ҷойҳои аввал ва дуюму сеюм аз ҷониби сарпарастон қадрдонӣ гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, баргузории як чунин озмун барои беҳбуди сатҳи маърифати маҳбусон нақши муҳим дора два яке аз сабабҳои  муассири ислоҳшавии онҳо  ба ҳисоб меравад.  





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!