Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:02

Пахта боз арзон шуд. Ин дафъа 40 доллар

24 август 2012, 09:08

Нархи пахта баъди болоравиаш дар аввали моҳи равон  акнун боз рӯ поинравӣ дорад.

Арзиши ҳар тонаи он ҳудуди 40 доллар боло рафта, тайи як ҳафтаи охир боз 15 доллар поён рафт. Рӯзе пеш дар биржаи Маскав нархи як тонна пахта то 2 ҳазору 113 доллар поён омад. Коҳиши нархи як тонна пахта давоми 1,5 соли охир охир бештар аз 2 маротибаро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки пахта дар баробари алюминий маҳсулоти асосии содиротии кишвар буда, манбаи асосии даромади деҳқонони тоҷик маҳсуб меёбад. Айни ҳол дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлону Суғд аллакай мавсими ҷамъоварии пахта оғоз шудаст.
Маврид ба ёдоварист, майдони кишти пахта дар Тоҷикистон 210 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ин нисбати замини кишти пахта дар соли гузашта гарчанде зиёд нашудаст, дар нақша аст, ки ҳосил аз порсола бештар шавад. Аз ҳисоби зиёд намудани ҳосилнокӣ имсол масъулини вазорати кишоварзӣ ният доранд, 420 ҳазор тонна пахта ҷамъ намоянд. Дар шароити арзонишавии пахта, таҳлилгарон роҳи зиёд намудани фоидаро аз пахта роҳандозии коркарди пурраи он дар дохили Тоҷикистон меноманд, ки ба ҳисоби масъулини Вазорати рушди иқтисоду савдо метавонад фоидаро аз пахта ҳудуди 12 маротиба бештар намояд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!