Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон изҳор медоранд, ки раванди таҳияи буҷети давлатӣ барои соли 2013-ум идома дошта, дар назар аст, ки ҳаҷми буҷети соли оянда нисбати имсол 1 миллиард сомонӣ афзоиш ёбад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳамаи вазорату сохторҳои давлатии Тоҷикистон лоиҳаҳои буҷети худро барои соли оянда таҳия карда, дар Вазорати молия баррасӣ шудаанд. Баъди коркарди ҳамаи нишондодҳо лоиҳаи ниҳоӣ ба Комиссияи доимамалкунандаи назди ҳукумат пешниҳод мегардад. Анҷоми ҳамаи ин корҳо то 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати молия изҳор медоранд, ки буҷети соли оянда ҳам чун ҳозира иҷтимоӣ буда, аксари даромади он ба маориф, тандурустӣ фарҳанг ва ғайра равона хоҳад шуд. Ҳаҷми буҷети имсола нисбати соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, 10,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Қисмати хароҷот 10,3 миллиард сомонӣ буда ҳудуди 50 фоизаш ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд. Таҳлилгарони иқтисодӣ дар шароити афзоиши ҳаҷми буҷет коҳиши андозҳоро мушкил меноманд, чун манбаи асосии даромади буҷет дар кишвар андоз мебошад. Доираҳои соҳибкории Тоҷикистон мӯътақиданд дар буҷети соли оянда, ки аллакай Вазорати молия ба таҳияи он пардохтаст, манфиати бахши хусусӣ сарфи назар хоҳад шуд.
Қаблан Константин Бондаренко, сардори Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» ҳаҷми даромади буҷет ва сарбории андоз ба бахши хусусиро ба ҳам пайванд гуфт. Дар шароите, ки даромади буҷет зиёд пешбинӣ шудаст, коҳиши ҳаҷми андозҳо, аз эҳтимол дур аст: «Баръакс бо эҳтимоли зиёд сарбории андозҳо ба бахши хусусӣ дар соҳаҳои алоҳида бештар хоҳад шуд ».
Мӯҳр