Бахшҳо

ҲУСДТ: «Мухолифи хушунат ва хунрезием, ҷонибдори оромии Тоҷикистон ҳастем»

Дар ин бора зимни пахши як баёния аз сӯи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон омадааст.

Шӯҳрат Қудратов, ҳамраиси ҲУСД аснои ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, ин тасмим пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб аз сар гирифта шуд. Ба қавли ӯ, имрӯз (24-уми август) ин санад ба тасвиб расида, дар он гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки дар робита бо рӯйдодҳои Хоруғ гузориш бидиҳад.
Ҳамзамон, дар санадаи мазкури ҲУСДТ омадааст, ки ҳама дастуру қарор ва амру фармонҳои ҳукумат дар робита ба ҳаводиси ахири вилояти Бадахшон бояд барои ҷомеаи кишвар дар ихтиёри ҷамъият гузошта шавад: «Инчунин аз президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон даъват карда мешавад, ки  тавассути телевизион баромад карда, мавқеи худро дар иртибот ба  "нақзи саросарии қавонин ва Қонуни асосӣ дар қаламрави кишвар ва бахусус ВМКБ" муайян намояд».
Дар идомаи баёнияи шӯрои ҲУСДТ омадааст, ки ҳаводиси ахири Хоруғ ва ахиран кушта шудани Имомназар Имомназаров, яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон ва аз чеҳраҳои матраҳ дар ҳодисаҳои Хоруғро намояндагиҳои аҳзоби сиёсии кишвар дар шаҳри Кӯлоб ҳам  интиқод карданд: «Дар ҳодисаҳои ахири Бадахшон дасти бадхоҳони миллати тоҷик мушоҳида мешавад. Маълум аст, ки ин афроди бадхоҳ сулҳу субот ва  оромии Тоҷикистонро намехоҳанд. Танҳо тасмимҳои дурусту ватандӯстонаи мардуми Бадахшон метавонад ин нақшаи онҳоро барбод диҳад", - гуфта шудааст дар муроҷиатнома.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар поёни муроҷиатномаи худ таъкид мекунанд, ки мухолифи хушунат ва хунрезӣ дар кишвар буда,  тарафдори оромиву якпорчагии Тоҷикистон ҳастанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)