Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Шӯрои ВАО: Ҳамойиш барои расонаҳои расмии давлатӣ

10 июн 2011, 09:35

Имрӯз дар  маҷмааи «Шарқи озод» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҶТ мизи мудаввар дар  мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» баргузор гардид.

Тавре ба «Озодагон» Сангин Гулов, дабири кулли шӯрои номбурда иттилоъ дод, дар ин нишаст намояндагони нашрияҳои расмиву давлатӣ, аз ҷумла   «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва ғайра иштирок доштанд. Гулов дар оғози ҳамойиш гуфт, дар давоми беш аз якуним соли охир созмони мазкур ба ҳайси танзимкунанда меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон баромад намуда, барои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар миёни рӯзноманигорон корҳоеро анҷом додаву нақшаҳоеро амалӣ карданист.  Аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо баргузории мизҳои гирд бо иштироки доираи васеи журналистони ҳам марказ ва ҳам минтақаҳо мебошанд.

Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҶТ гуфт имрӯз Шӯрои ВАО-и ҶТ  талош  бар он  дорад, ки дар фаъолияти журналистӣ меъёрҳои ахлоқӣ риоя карда шаванд. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми фаъолият журналистонро аз ҳар гуна нофаҳмиҳо бозмедоранд ва миёни онҳову сарчашмаҳои иттилоъ, қаҳрамонону хонандагон фазои созандаву ҳусни тафоҳумро  ба вуҷуд меоранд. Зимни шарҳи меъёрҳои ахлоқӣ миёни ширкаткунандагони мизи гирд мубоҳисаҳо сурат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва  худтанзимкунии ВАО буда,  фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.Муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва  дифоъ аз  ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва ТВ СМТ мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!