Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:53

Ҳар моҳ ба Тоҷикистон 500 миллион $ ворид мешавад

25 август 2012, 05:09

Тайи ҳафтаи равон дар бозори нақди Тоҷикистон коҳиши қурби доллар ҷараён дошта, арзиши як доллар зимни фурӯш дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе аз 4,85 сомонӣ то 4,83 сомонӣ кам шудаст.

Арзиши як доллар зимни харид дар нуқтаҳои мубодила ба 4,8 сомонӣ баробар гардид. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар бозори нақди кишвар меъёрҳои бозорӣ амал карда, қурби ин ё он намуди асъорро пешниҳоду талабот муайян мекунад. Айни ҳол воридоти асъор ба бозори нақди кишвар зиёд арзёбӣ мегардад. Тибқи ҳисоби Созмони миллали муттаҳид моҳҳои августу сентябр авҷи воридоти асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Тибқи ҳисобҳо дар ҳар яке аз ин моҳҳо ба Тоҷикистон тайи ним миллиард доллар ворид мешавад. Баробари воридоти пули муҳоҷирон тайи ин моҳҳо воридоти асъор аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ ҳам рӯй ба рушд мениҳад. Таҳлилгарон бо ишора ба таҷрибаи солҳои гузашта изҳор медоранд, ки болоравии қурби доллар эҳтимол боз дар охири сол сурат гирад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!