Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:30

Даромади аҳолии Тоҷикистон аз хароҷоташ кам аст. Маълумоти оморӣ

27 август 2012, 08:55

Тибқи маълумоти пешакии Агентии омори назди президенти Тоҷикистон даромади пулии мардум тайи моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳамагӣ 9 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил додаст.

Ин дар муқоиса бо даромаде, ки аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли гузашта ба даст овардаст, бо нархҳои амалӣ 26,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳоле, ки хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ аз ҳаҷми даромад бештар шуда, 10 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил додаст. Ба иттилои Агентии омор қариб чоряки хароҷоти аҳолӣ ба пардохтҳои ҳатмӣ равона мешавад. Саҳми пардохтҳои ҳатмию саҳмгузориҳои ихтиёрӣ дар хароҷоти аҳолии кишвар 27,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар таркиби хароҷот 55,6 фоиз ба хариди молу хизматрасониҳо рост меояд. Музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 536 сомонӣ арзёбӣ мегардад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 26 фоиз бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, маоши кормандони кироя, ки дар моҳи июн гирифтаанд, 551 сомониро ташкил додаст. Ин нишондод нисбати соли гузашта 23,5 фоиз бештар аст. Маоши ҳадди аққал дар кишвар ҳамоно 80 сомонӣ боқӣ монда, дар назар аст аз моҳи оянда 2,5 маротиба бештар гардида, то ба 200 сомонӣ расонда шавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!