Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:45

Баррасии масоили қонунгузории замин вобаста ба мерос

27 август 2012, 09:25

Дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Инкишофи қонунгузории замин ва масоили ҳуқуқии он» мизи мудаввар баргузор гардид .

Тавре аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ин ҳамоиш, ҷалби мутахассисони варзида ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими инкишофи қонунгузории замин буда, мутахассисони соҳаи ҳуқуқи аграрӣ, аз ҷумла намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва кормандони илмию тадқиқотӣ дар он ширкат намуданд. Дар ин ҳамоиш масоили қонунгузории замин вобаста ба мерос, такмили қонунгузории замин, омили рушд ва инкишофи соҳаи кишоварзӣ, проблемаҳои қонунгузории истифодаи қаъри замин ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд. Бояд зикр намуд, якуми  августи соли равон  Эмомалӣ  Раҳмон, президенти Тоҷикистон тарҳи тағйири Қонуни заминро имзо кард. Дар робита ба тарҳи қонуни мазкур бархе аз масъулини кишвар таъкид мекунанд, ки бо амалӣ шудани ин қонун ҳуқуқ, шароит ва имкониятҳои кишоварзон  барои истифодаи пурсамари замин бештар мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!