Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:13

Эрон аз кишварҳои исломӣ дифоъ мекунад

10 июн 2011, 09:51

Кишварҳои исломӣ бояд аз қудрати мудофиаи қонунӣ бархӯрдор бошанд. Дар ин бора райиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон иброз доштааст. Ҳамзамон ӯ афзуд, Эрон барои дифоъ аз худу дигар кишварҳои исломӣ низоми нави мушакии пешрафта тарроҳӣ кардааст.

Алии Лориҷонӣ дар ҷараёни сафари худ ба Индонезия ва дар мулоқот бо ҷамъе аз донишҷӯёни мусулмони ин кишвар ҳамчунин изҳор дошт: Имом Хумайнӣ дар ибтидои пирўзии Инқилоб рўшан карданд, ки Эрон бо ҳама кишварҳои исломӣ бояд иртиботи наздик дошта бошад, то дасисаҳои душманон ваҳдати мусулмононро халалдор насозад.

Раиси маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар мавриди барномаи ғанисозии ураниюми ин кишвар гуфт, энергияи сулҳомези ҳастаӣ, ки Эрон ба он даст ёфтааст, дарвоқеъ ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон тааллуқ дорад.  Эрон ҳамаи кишварҳои исломиро бародари худ медонад ва агар алайҳи онҳо Амрико ва сионистҳо бихоҳанд рафтори хушунатомез нишон диҳад, ҳатман бархӯрди шадид мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!