Интишороти “Амири Кабир”-и Теҳрон китоби тозаеро таҳти унвони “Рӯзшумори таърихи Эрон: аз суқути Сосониён то зуҳури Сомониён”, навиштаи Ҷаводи Ҳиравӣ, донишманди саршиноси эронӣ ба табъ расонд.
Тибқи иттилоъ, Ҷаводи Ҳиравӣ дар муқаддимаи ин китоб гуфтааст, ки пас аз солҳо мутолиа дарёфтам, ки китобҳои ҳаҷим ва бузург, ки барои хонданашон вақту ҳавсалаи зиёд лозим аст, имрӯз ба дарди хонандагон камтар мехӯрад ва тасмим гирифтам дар як китоби мухтасар ҳамаи ин ҳодисаҳоро бидуни зикри манбаъ ва маъхаз фароҳам оварам, ки хонадагон ба осонӣ аз ин давраи таърихӣ огоҳ шаванд.
Китоб аз ҳодисаи кушта шудани Яздигирд, подшоҳи Сосонӣ оғоз ва бо ба сари қудрат омадани амирони Сомонӣ ба поён мерасад ва дар бораи ин хонадон низ маълумоти зиёд медиҳад. Ба гуфтаи Ҷаводи Ҳиравӣ, агар ин тарзи таърихнигорӣ идома ёбад ва ҷо афтад, хонандагон аз зиёдагӯиҳо ва тафсилоти манбаъҳои таърихӣ раҳоӣ меёбанд.
Мӯҳр