Сеюмин ҳамоиши шоирони Эрон ва ҷаҳон имсол баргузор намешавад ва қарор аст ҳар ду сол як бор шоҳиди барпоии он бошем.
Гуфтанист, пас аз барпоии ду давраи ин ҳамоиш ва даъват аз шоирони дохилӣ ва беш аз 50 шоири хориҷӣ дар ду соли 2010 ва 2011, сўҳбатҳое дар бораи ҳазфи ин ҳамоиш шунида мешуд, аммо гўё ин мавзўъ танҳо ихтисос ба соли ҷорӣ дошта ва ҳамоиши шоирони Эрон ва ҷаҳон бо тағйири шева барпо хоҳад шуд ва бар асоси эълом сеюмин ҳамоиши шоирони Эрон ва ҷаҳон баҳори соли оянда баргузор хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар нахустин ҳамоиши байналмилалии шоирони Эрон ва ҷаҳон бар лузуми ҳамдилӣ ва ҳамандешии донишмандону шоирон ва табодули фарҳангу ороъ таъкид намуда буд.
Мӯҳр