Бахшҳо

Раиси додгоҳ даҳони хабарнигори «Фараж»-ро баст?

Имрӯз, 27-уми август хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» Маҳмудҷон Раҳматовро раиси додгоҳи ноҳияи Фархор таҳдид ба марг кардааст.

Тавре журналист мегӯяд, дар баҳси манзиле, ки миёни оилаи онҳо ва ҳамсояашон бархостааст, модарашро ба додгоҳ даъват карда, ба ӯ таҳдид мекунанд, аммо вақте хабарнигор ба ҳимоят аз модараш садо баланд намуд, раиси додгоҳ Б. Ҳакимов бо дастонаш даҳони ӯро баста, таҳдид кардааст, ки ҳамин шаб ӯро муҷозот хоҳад намуд.
Ӯ мегӯяд: «Вақте ман тилфони мобилиамро гирифта ба сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор Сафаралӣ Тағоев занг мезадам, раиси суд «ин кист, канӣ дарун дароредаш?!» гуфта дод задаву аз ҷояш хеста омада, дастҳоямро тоб дод ва кашолакунон ба идорааш дароварда гапҳои қабеҳ гуфт».
Раҳматов афзуд, диктофонашро аз дасташ гирифта, ҷузвдон (сумка)-ро кормандони додгоҳ даррондаанд. Ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз ояндаи худ нигарон аст: «Қаблан ҳам аз мақомот барои мақолаҳои танқидиам дар бораи мушкилоти ноҳия ҳушдор шунида будам.Кормандони суд бе ягон асос санад тартиб дода, баъди муноқиша ба милисахона равонам карданд. Баъди сӯҳбат бо сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ маро озод карданд, вале қариб буд шаҳодатномаи рӯзноманигориамро дарронда партоянд. Ҳатто журналистонро гапҳои нолозим низ гуфт, ки дар ҳаётам нашунида будам».
Ин танҳо ҳодисае нест, ки мақомоти давлатӣ дар музофоти Тоҷикистон алайҳи хабарнигорон бо забони зӯрӣ сӯҳбат мекунанд. Дар гузашта Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигоре дар Ашт равонаи зиндон шуд, аммо бо фишори ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ дигарбора озод шуд.
Дар ҳамин ҳол, бинобар иттилои дабири кулли Медиа-Алянси Тоҷикистон Хуршедҷон Ниёзов, қазияи мазкур мавриди баррасии созмонҳои журналистӣ қарор хоҳад гирифт.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)