Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:46

Туркия: 57 дарсад мухолифи дахолати низомианд

28 август 2012, 03:30

Бар асоси як назарсанҷӣ дар Туркия, аксарияти туркҳо мухолифи дахолати низомии давлаташон дар Сурия ҳастанд.

Ин назарсанҷӣ, ки аз сӯи маркази пажӯҳишҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷа дар Истамбул сурат гирифт ва хабаргузории Фаронса низ онро мунташир кард.   Назарсанҷии мазкур нишон медиҳад, ки 57 дарсади ширкаткунандагон     мухолифи дахолати низомии Туркия дар Сурия ва танҳо 11,7 фоиз бо он мувофиқ ҳастанд.
Ҳамзамон, 41,1 фоиз аз мухолифон дар ин назарсанҷӣ мӯътақиданд, ки Тукия ба ҳеч шевае набояд дар умури Cурия дахолат кунад ва 15,9 фоизи онҳо эълон карданд, ки аз наҳваи муносибати давлати Туркия бо бӯҳрони Сурия розӣ ҳастанд ва танҳо маҳкум кардани сиёсии низоми Сурияро тасдиқ мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳизби "Адолат ва тавсиъаи исломӣ”-и Туркия ба раёсати Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири кунунии ин кишвар, аз ҳамон оғози бӯҳрон дар Сурия мавқеъе алайҳи Димишқ интихоб кард.Назарсанҷии мазкур аз 5 май то 5 июн сурат гирифт ва 1500 нафар дар он ширкат карданд  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!