Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:21

Куштор дар назди тарабхонаи «Бешаи палангон»

28 август 2012, 07:28

Кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ се сокини пойтахтро бо иттиҳоми сӯйиқасд ба куштор дастгир карданд.

Тавре аз ин вазорат ба Озодагон иттилоъ доданд, инҳо Шералӣ Муродови 21- сола, сокини кӯчаи Гогол, Камолиддини Тошзодаи 19-сола, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Абдулазиз Шарифҷони 22- сола, сокини кӯчаи Энергетик мебошанд.
Бино ба қавли  манбаъ, боздоштшудагон рӯзи 26-уми августи соли равон, соати 23:30 дақиқа, дар назди тарабхонаи «Бешаи Палангон» бо Сорбон Музаффарбеков, сокини кӯчаи Борбад, Даврон Нозимови 22-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҷамшед Ибодови 22 сола, сокини кӯчаи Борбад муноқиша карда, онҳоро лату кӯб намуданд. Ҳамзамон, Шералӣ Муродов бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани Сорбон Музаффарбеков задааст. Бар асари захмҳои бардошта, Сорбон Музаффарбеков дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки Шералӣ Муродов, қаблан  бо моддаи 237 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гашта буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ГУЛИ

  • 11 апрел 2014 22:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИЛОХИ ХУДО ЗАНАД ТУХМАТ КУНОНРО ТОШЗОДА КАМОЛЛИДИН ТАНХО ШОФЕР БУД УРО БЕГУНОХ ГОВ СУД КАРДАН БЕЧОРА БАЧА ДАР ДАРУНИ ТУРМА КАЛОН ШИД ДАР МУДАТИ ЯКУНИМ СОЛ ШИД ТАВТИШОТИ БЕШАИ ПАЛАНГОНАИ ЯГОН ДАЛЕЛ НАЕФТАН ГИРИФТА ГОВ СУД КАРДАН БЕДАЛЕЛ

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!