Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:17

Ду сониҳа дар шимол мунҷар ба марги ду нафар гардид

28 август 2012, 09:42

Дар ин бора ба Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Зимнан, ронандаи мусофиркаши «Хундай-Старекс», Абдуҷаббор Сайлиеви 31-сола (сокини ҷамоати деҳоти Палдораки Масчоҳ) ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Чанок-Хуҷанд-Душанбе дар ҳудуди маҳаллаи Фотеҳобод идораи нақлиётро аз даст дода, Лолахон Ҳақназороваи 12-соларо зер кардааст. Дар пайи ин, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, Шокир Имомови савори «Опел-Астра» дар роҳи мошингарди Ашт-Хуҷанд   суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, мошинро ба канори рости роҳ чаппа кардааст. Дар ин7 сониҳа ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст ва мусофири автомашина Содиқ Абдуназарови 38-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!