Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

«Барқи тоҷик» дар фаъолияти нерӯгоҳҳои хурд камбудӣ ёфт

29 август 2012, 10:58

Масъулини ин ширкати холдингӣ мегӯянд, аз 260 адад нерӯгоҳи хурди мавҷуда дар кишвар зери назорати қатъии ин ширкат танҳо фаъолияти 14 ададашон қарор дораду бас.

Бино ба гуфти кормандони «Барқи тоҷик», боқимонда дар дасти шахсони инфиродӣ ва сохторҳои дигар қарор доранд: «Фасли сармои гузашта нишон дод, ки нерӯгоҳҳои барқи обии хурд камбудиҳои худро доранд. Аз ҷумлаи норасоиҳо зимни истифодабарии нерӯгоҳҳои хурд пеш аз ҳама норасоии об дар фасли сармо ва аз кор баромадани барномаҳои компютерии худкор мебошад».
Сарчашмаи хабар мегӯяд барои самаранок сохтани фаъолияти нерӯгоҳҳои хурд дар Тоҷикистон роҳбарияти «Барқи тоҷик» супориш додаст, ки дар сохтори шабакаҳо гурӯҳи таъмирӣ ташкил шаванд.
-Дар натиҷаи ташкили гурӯҳҳои таъмирӣ ва ба истифодадиҳии нерӯгоҳҳои хурди нав тайи моҳҳои январ-июл дар кишвар 34 ҷои нави корӣ муҳайё шуд,-афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои расмӣ, тайи нимсолаи аввали соли 2012 нерӯгоҳҳои хурди зертобеи ширкат 2,2 миллион килловат/соат нерӯи барқ истеҳсол намудаанд.










Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!