Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:46

Рушди туризм дар Туркия

29 август 2012, 12:02

Ҷаҳонгардӣ ва ё худ бахши сайру саёҳат аз зумраи соҳаҳоест, ки дар Туркия даромади ҳангуфт меорад.

Туркия кишвари сернуфус буда, беш аз 70 миллион ҷамъият дорад.Тибқи маълумоти расмӣ даромади софи ин кишвар аз бахши туризм дар соли 2011 ҳудуди 25 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.Тайи соли гузашта ба ин кишвар зиёда аз 30 миллион сайёҳи хориҷӣ омадааст. Гуфтанист, беш аз 3,5 миллион нафар аз ин туристонро шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба монанди Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ташкил додааст.
Бино ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Истанбул вазири туризму фарҳанги Туркия  Эртуғрулом Гюнаем аснои як мусоҳиба гуфта, ки кишвараш 25 сол қабл, яъне соли 1987 соҳаи туризмро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор дода, то имрӯз ба муваффақиятҳои бузурге ноил гаштааст: “Ҳукумат ва давлат дар ин ҷода пружаҳои зиёдеро барои камфорти сайёҳон ба нақша гирифта буд онҳоро ба хубӣ амалӣ намуд. Ҳамасола барои тармиму таҷдид ва нигаҳдории осорҳои қадимӣ, мавзеъҳои диданӣ ва ғайра...маблағҳои бисёр калон ҷудо мегардад.
Дар мамлакати мо ҷойҳои диданӣ, аз ҷумла зиёратгоҳҳои динӣ, мазҳабӣ  ба монанди калисоҳо, серковҳо ва масҷидҳо, ки тарихи хеле ва хеле қадимӣ доранд, зиёд аст.”
Вай бо изҳори қаноатмандӣ эълом дошт, ки имрӯз Туркия дар ҷаҳон ҷои 6-умро дар қатори 10-кишвари пешрафтаи дунё аз ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба худ касб кардааст.
Окои Гднаем ҳамчунин афзуд: “Боварӣ дорам, бо барҳам додани раводид (виза) бо кишварҳои чун Русия, Осиёи Марказӣ, ҳамчунон Тоҷикистон ва ғайра... ҳамкориҳо дар соҳаи туризм ривоҷу равнақи тозае меёбанд, ки ин ба нафъи ҳамаи мо мебошад”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!